Корҳои тарғиботӣ
26 июли 2021, душанбе
Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус, риояи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, захираи маводи озуқавории ду сола, пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ байни бонувон, пешгирии ҷиноятсодиркунӣ, гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо гурӯҳҳои корӣ ва ҳамширагони тибби оилавӣ, мудири утоқи ташаккули тарзи ҳаёти солим, раисони маҳаллаҳо ва дигар шахсони масъул тариқи хона ба хона ва кӯча ба кӯча дар ҳудуди маҳаллаҳои шаҳр ва ҷойҳои ҷамъиятӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотиро вусъат бахшида истодааст.
Ҳамзамон дар ин самт аз ҷониби бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон варақаҳои тарғиботӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим карда шуд.