Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Мулоқоти сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят бо аҳолӣ

07 ноябри 2019, панҷшанбе

Дар асоси нақшаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба амалишавии "Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", таъмини иҷрои "Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023" ва дигар барномаву стратегияҳои давлатӣ бо мақсади коҳиш додани сатҳи пошхӯрии оилаҳо аз санаи 29 октябр то 1 ноябри соли равон дар шаҳру ноҳияҳои Зафаробод, Ашт, Спитамен ва Истаравшан вохӯрии  сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Хуршедахон Хоҷазода бо аҳолӣ доир гардид. 

Дар вохӯрӣ сардори Раёсат оид ба масъалаҳои болозикр суханронӣ намуда, бо мардум аз наздик сӯҳбати озод гузаронид. Ҳамчунин, намояндагони САҲШ, кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо суханронӣ намуданд.

Ҳангоми мулоқот бо сокинони шаҳру ноҳияҳои Зафаробод, Ашт, Спитамен ва Истаравшан аз мушкилоту пешниҳодҳои иштирокчиён огаҳӣ пайдо карда шуда, ба онҳо маслиҳатҳои муфид дода шуданд.

Баъди мулоқот аз ҷониби сардори Раёсат се нафар сокинони ноҳияи Ашт аз ҷамоати деҳоти Пониоз ҳамсари иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ модари 112 сола Норӣ Зоирова ва модари марҳум Дадоматов Тоҳирҷон, ки дар сохти конститутсионӣ фавтидааст Бибинисо Дадоматоваи 75 сола, аз ҷамоати шаҳраки Шайдон нафақахӯр, собиқ мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия Муҳаррам Ашурова ва собиқадорони шаҳру ноҳияҳои Зафаробод, Спитамен ва Истаравшан низ аёдат карда шуданд.

Ҳамчунин, аз рафти фаъолияти кории гирандагони гаранти Раиси вилоят дар солҳои 2017-2018 дидан намуда, аз ҷониби кормандони Раёсат ҷиҳати пешбурди фаъолияти шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаьру ноьияьо ёрии амалӣ расонида шуд.

Поделиться в