Корҳои тарғиботӣ идома доранд
Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус, риояи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ байни бонувон, вусъати корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо гурӯҳҳои корӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва бозори марказии нохия корҳои тарғиботиву ташвиқотиро вусъат бахшида истодааст. Хамзамон варақаҳои тарғиботӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим карда шуд.