Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мизи мудаввар

08 ноябри 2019, ҷумъа

Ҷиҳати таҳлили мониторинг ва арзёбии Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022 бо ибтикори Кумита мизи мудаввар доир карда шуд.

Дар муҳокимаи парламентӣ ва ҷамъияти вобаста ба масъалаҳои таъмини баробарии воқеии занону мардон намояндагони парлумони кишвар, вазорату идораҳо,ташкилотҳои ҷамъитии дар самти занон фаъолиятдошта  бо маърузаҳои таҳлилии масъалаҳои иштироки занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ ва дар равандҳои идеологию сиёсӣ баромад намуда, ҷиҳати ҷалби боз ҳам бештари занону бонувон ба арсаи сиёсату иқтисод, иҷтимо ва фарҳанг таклифу пешниҳодҳо манзур намуданд.

Кори мизи мудаввар таҳти роҳбарии муовини якуми раиси Кумита Олимӣ Марҳабо Латифзода сурат гирифт.

 

Поделиться в