Пешгирӣ аз сироятшавӣ
Гурӯҳи тарғиботии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов бо мақсади пешгирии интиқол ба пайдоиши сирояти нави коронавирус, сари вақт дарёфт ва ба муолиҷа фаро гирифтани гирифторони сироятии коронавирус, моҳияти таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини амнияти озуқаворӣ, захираи кофии маводҳои хӯрока дар фаслҳои тирамоҳу зимистон, истифодаи оқилонаи замини мавҷудаи корам, аз ҷумла қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шаҳрвандон дар ҳудуди ноҳия корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда истодааст.