Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Мизи мудаввар

19 ноябри 2019, сешанбе

"Масъалаҳои мубрами пешгирии озори ҷинсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" чунин ном дошт чорабинии омӯзишӣ-иттилоотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳамкорӣ бо лигаи занони ҳуқуқшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар чорабини намояндагони сохторҳои қудратӣ, вазорату кумитаҳо донишҷӯёни донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, васоити ахбори омма иштирок намуда, дар атрофи мавзӯъҳои "Масъалаҳои муосир оид ба пешгирии озори ҷинсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Танзими ҳуқуқии озори ҷинсӣ дар кишварҳои хориҷӣ", "Танзими ҳуқуқӣ бар зидди озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ", "Амалияи судии баррасии парвандаҳо оид ба озори ҷинсӣ" ва "Зарурати қабули чораҳои қонунгузорӣ оид ба озори ҷинсӣ" муколамаи судманд анҷом доданд.Чорабинии омӯзиши-иттилоотӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳри Хоруғи ВМКБ, шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, шаҳри Хуҷанди вилияти Суғд баргузор карда шуд.  

Поделиться в