Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ

11 августи 2021, чоршанбе

Эҳёи анъанаву ҳунарҳои миллӣ ва меҳнати хонагии занону духтарон, беҳтаргардонии вазъи иқтисодию иҷтимоии аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ барои занону духтарон ва ба касбомӯзиву шуғли доимӣ  фаро гирифтани онҳо  дар меҳвари сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дода шуда, эҳё ва тартиби ҳунарҳои миллӣ аз қабили атласу адрасбофӣ,   ривоҷ ёфта истодааст. Бо мақсади боз ҳам вусъат додани ҳунарҳои мардумӣ мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Ҷаббор Расулов аз маркази истеҳсолии адрасбофии  «Париноз” дидан намуда  иброз доштанд, ки ҳарчи  бештар ҷалб намудани занону бонувон ба ҳунаромӯзӣ  самараи неке ба бор меорад.

Мақсади асосӣ аз таъсиси марказҳои истеҳсоливу омӯзишии қолинбофӣ дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷаббор Расулов ин пеш аз ҳама ҷалб намудани духтарону ҷавонзанони хонашин ба ҳунаромӯзӣ  буда, бо ин васила рушд ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

 

Поделиться в