Саҳми занон дар маъракаи ҷамъоварии тиллои сафед
Бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд гурӯҳи занони ташаббускору меҳнатдӯст бо мақсади расонидани дасти мадад ба хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор равона гардидаанд.Бо роҳбарии намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои ҷамъоварии пахта ба хоҷагии деҳқонии ба номи Абдураҳим Ҷумаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба хирмани зиёда аз 450 кг пахта ҷамъоварӣ намуда, саҳми худро гузоштанд.
Ҳамчунин бо роҳбарии мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зиёда аз 60 нафар занони меҳнатқарини ноҳия, аз ҷумла собиқадорон, фаъолон, соҳибхоназанҳо ва бригадаи зарбдори занҳо ба хоҷагии деҳқонии ба номи Тухтабой Ахмедов рафта, ба хирмани давлат зиёда аз 1 тоннаю 600 кг пахта ҷамъоварӣ намуданд.
Чунин маъракаи дастаҷамъона дар ноҳияи Зафаробод низ ташкил карда шуда, бо роҳбарии мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия зиёда аз 45 нафар фаъолзанон ва раисони Шӯрои занон ба хоҷагии деҳқонии ба номи Фарзона 2 ва Дон ташриф оварда, дар давоми ду рӯз барои чидани зиёда аз 2 тоннаю 400 кг тиллои сафед саҳмгузори намуданд.
Дар маҷмӯъ занони фаъоли вилоят 4 тонна 450 кг пахта ҷамъоварӣ намуданд.