Вохӯрии судманд
Тибқи нақшаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, хурофотпарастӣ, ташвиқи фарҳанги миллӣ, инчунин баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии омилҳои номатлуб суҳбату вохӯриҳо бо занону бонувони хонашин дар ноҳияи Варзоб баргузор гардид.