Пешгирии зӯроварӣ дар оила
18 августи 2021, чоршанбе
Дар асоси нақша чорабиниҳои шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки занони хонашин ҷаласа оиди пешгирии ҷудошавии оилаҳо, баланд бардоштани арзишҳои оиладорӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила, пешгирии ҷиноятсодиркунии занон, ба зиндагӣ ва оиладорӣ омода намудани ҷавондухтарон баргузор гардид.
Хамзамон, дар вохӯрӣ бобати иҷрои Қонунхои Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи тадбирҳои амалӣ намудани Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зуроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солхои 2014-2023" "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзанд", "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", пешгирии бемориҳои сирояткунанда ва моҳияти эмкунии аҳолӣ гуфта шуд.