Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мизи мудаввар

22 ноябри 2019, ҷумъа

Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Парчам мизи мудаввар дар мавзӯи "Парчам мояи ифтихору ғурури гузаштагони мост" баргузор гпрдид. Дар мизи мудаввари мазкур кормандони Кумитаи кор бо занон ва оила, кормандони Кумита дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва таълимгирандагони Муассисаи давлатии Маркази таълимии "Чароғи ҳидоят" иштирок намуданд. Сухани ифтитоҳиро муовини раиси Кумита Давлатзода Зулфия оғоз намуда, оид ба муқаддасоти Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рамзҳои давлатӣ сухан ронданд. Юсуфалӣ Ҳасан корманди Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи "Парчам рамзи худшиносӣ ва давлатдорист" сухан ронданд.

Инчунин таълимгирандагони Муассисаи давлатии Маркази таълимии "Чароғи ҳидоят" дар васфи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шеърҳо қироат намуданд.

 

Поделиться в