Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷамъбасти курси "Зан -сарвар"

20 августи 2021, ҷумъа

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022" аз санаи 16 то 21 августи соли 2021   дар  Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мудирони шуъба(бахшҳо), сармутахассисони бахшҳои кор бо занони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  курси омӯзишии “Зан-сарвар баргузор гардид. Дар ҷамъбасти курс иштирокчиён бо гувоҳномаҳо  қадрдонӣ карда шуданд.

Поделиться в