Конференсияи ҷумҳуриявии «Мустаҳкамии оила – асоси ҷомеаи ҳуқуқбунёд»
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои муқаррароти Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи амалӣ-ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Мустаҳкамии оила – асоси ҷомеаи ҳуқуқбунёд»-ро бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи вилоят, шаҳру ноҳияҳо, аъзоёни Шӯрои занони сулҳовари назди Кумита ва Лоиҳаи пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд.
Ҳадаф аз баргузории Конференсия баррасии масъалаҳои ҳифзи манфиатҳои оила ва такмили он бо назардошти хусусиятҳои замони муосир, оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ва макони тарбияи фарзанд, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва таъмини пойдории оила, танзими оила ва солимии репродуктивӣ, таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ ба муносибатҳои оиладорӣ, пешгирии омилҳои номатлуб, аз қабили зӯроварию шиканҷа, терроризму ифротгароӣ, хурофотпарастӣ, нашъамандию нашъаҷаллобӣ, майзадагӣ, худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ, касалиҳои сироятии ВНМО, сил ва дигар масоили таъсиррасон ба муносибатҳои аъзои оила, мушкилоти дар ин самт ҷойдошта ва дарёфти роҳҳои ҳалли он мебошад.
Дар кори конференсия намояндагони вазорату кумитаҳо бо маърўзаҳои таҳлилии соҳа вобаста ба масъалаҳои болозикр баромад намуда, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Қайд карда шуд, ки агар имрӯз роҳи ҳалли ин падидаву омилҳои номатлуб, ки ба танзими ойини оиладорӣ ва муносибатҳои аъзоёни хонавода таъсири манфӣ меарсонанд, гирифта нашавад, пешгирии ин амалҳои номатлуби болозикр, ки ба пошхӯрии оилаҳо оварда мерасонад, аз имкон берун аст.
Аз ин рў, пешниҳод карда шуд, ки тамоми ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ дар ин самт фаъолияти пурсамар ба роҳ монда, ҳар чӣ бештар корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, илмӣ-маърифатӣ ва фарҳангӣ, шоу-барномаҳои телевизионӣ бо ҷалби коршиносони соҳаҳо, оилаҳои барӯманду намунавӣ, фаъолони қишрҳои гуногуни ҷомеа доир карда шаванд.