Ҷаласаи корӣ
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 2021, №2114(25-5) ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 майи соли 2021, №186 “Дар хусуси лоиҳаи ёддоштҳои табодулӣ дар мавриди амалисозии Барномаи муштараки СММ оид ба ташаббуси Нури рӯшноӣ” бо иштироки аъзои Кумитаи ҳидояткунанда ва ташкилотҳои байналмилалӣ вобаста ба татбиқи барномаи зикршуда ҷаласаи корӣ баргузор намуд.