Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Чорабинии тантанавӣ

02 сентябри 2021, панҷшанбе

Имрӯз дар толори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ   баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳзода Гулҷаҳон  иштирок ва суханронӣ намуд.Ҳамзамон ба кормандони Кумита   Олимӣ Марҳабо  Латифзода*- машваратчии Кумита ва  Зарнигори Сорбон –директори Муассисаи давлатии Маркази таълимии” Чароғи ҳидоят”-и назди Кумита,   ки  бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатии  медали “Хизмати шоистаи Тоҷикистон” сарфароз гардидаанд, супорида шуд.. Инчунин муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффорзода Н ;муовинони Раиси Кумита Абдулмаинзода З ; Абдуллозода У бо рутбаи тахассусӣ “ Мушовири давлатии дараҷаи 2” қадрдонӣ гардиданд.

Поделиться в