Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Саҳми бонувон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ

06 сентябри 2021, душанбе

Бахшида ба 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи Ҳаят реҷенсии шаҳри  Душанбе маҳфили адабӣ–фарҳангӣ таҳти унвони “Саҳми бонувон дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" доир гардид, ки дар он Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон доир ба мақому манзалати занону бонувон дар замони соҳибистиқлолӣ ва нақши назарраси онҳо дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ сухан намуд.

Поделиться в