Сипосмандӣ барои қадршиносии занону бонувони кишвар
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахсияти кулли занону бонувон, модарону хоҳарони тоҷик ба Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои қадршиносӣ ва баҳои баланд ба фаъолияти занону бонувон дар рушди иқтисоди миллӣ, ки дар ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори бузургдошти 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд, изҳори сипос менамояд.
Муҳтарам Пешвои миллат зимни суханрониашон иброз намуданд, ки дар даврони истиқлолияти давлатӣ мақоми занону бонувон дар ҷомеа тақвият пайдо карда, фаъолияти онҳо дар вазифаҳои роҳбарии шохаҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, корхонаҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ бамаротиб вусъат ёфт. Давлат ва Ҳукумати мамлакат саҳми бонувону занонро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, хусусан дар солҳои вазнину ҳассоси оғози соҳибистиқлолӣ, барқарорсозии баъдиҷангӣ ва давраҳои минбаъдаи рушди кишвар ҳамеша қадр менамояд. Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Ҳоло 23,3 фоизи шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ ва беш аз 18 фоизи кадрҳои роҳбарикунанда занон мебошанд. Дар соҳаҳои калидии иҷтимоӣ, яъне маориф имрӯз беш аз 73 фоиз, илм 26,5, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 68 ва фарҳанг 51 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд.
«Мо ифтихор мекунем, ки имрӯз бонуи тоҷик ҳамчун чеҳраи сиёсӣ, вакил, олим, омӯзгору табиб ва муҳандису адиб шинохта шудааст ва сафи бонувони олимону ихтироъкор, ҳунарманду эҷодкор ва хоҷагидору соҳибкор торафт меафзояд»,-иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Сарвари давлат тазаккур доданд, ки «мо минбаъд низ ташаббусҳои занону бонувонро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, барои баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат ва мақоми иҷтимоии занону духтарон, ҳалли масъалаҳои ҳаёти онҳо, аз ҷумла бо роҳи омӯзонидани илму дониш, касбу ҳунар ва муҳайё кардани ҷойҳои корӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешем.
Зеро бори дигар изҳор медорам, ки зиндагӣ аз зан – модар сарчашма мегирад ва занону бонувони мо як боли қавии давлати соҳибихтиёрамон мебошанд».
Чунин қадршиносӣ ва баҳои баланди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону бонувон ва модарону хоҳарони сарбаланди мамалакатро боз ҳам муваззаф менамояд. ки дар таҳкими пояҳои давлату давлатдорӣ, пешбурди сиёсати сулҳпарваронаю инсондустонаи Сарвари давлат, иштироки фаъолона дар масири рӯйдодҳои муҳими сиёсию таърихӣ ва фарҳангӣ, тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, эҳтиром ва қадршиносии ватани биҳиштосои Тоҷикистон камари ҳиммат баста, дар корҳои созандагию бунёдкорӣ ва таъмини сулҳу суботи кишвар саҳми назарраси худро гузорем.
Мо ҳамеша бо Шумоем, Пешвои маҳбуби миллат!