Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Мизи мудаввар

28 ноябри 2019, панҷшанбе

 

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд, Барномаҳои  СММ дар Тоҷикистон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, занони соҳибкор чорабинӣ вобаста ба рӯзи дар “16 рӯзи мубориза алайҳи зӯроварӣ”, ки бо пешниҳоди СММ ҳамасола аз 25 ноябр то 10 декабр дар кишварҳои аъзои СММ  ҷашн гирифта мешавад, баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимӣ Мархабо, намояндагони вазрату идораҳои дахлдор ва директори ташкилоти байналмилалии Филиали  ГОПА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи “Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ” ва намояндаи СММ-Занон дар Тоҷикистон намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок ва суханронї намуданд.

Њадафи чорабинӣ –огоҳии ҷавонон аз масоили таъмини баробарии гендерї, бархурдор гардидан аз ҳуқуқҳои худ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила  мањсуб ёфт.

Дар ин замина, ҷиҳати иҷрои  Стратегияи Миллии Рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи Миёнамуҳлати Рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солњои 2016-2020, Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023, тавсияњои Кумитаи СММ оид ба барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбат ба занон мавриди саволу ҷавоб қарор хоҳад гирифта, ҷорӣ намудани уҳдадориҳои миллӣ ва байналмилалӣ вобаста ба таъмини баробарии гендерӣ ва тавсеаи имкониятҳои занон, фаъол намудани механизмҳои таъмини саводнокии ҳуқуқӣ ва ҷалби иҷтимоии занон, бо назардошти ҳуқуқҳои занони деҳот, баланд бардоштани нерӯ ва ҳассосияти гендерии ҷавонон, шаҳрвандон баррасӣ гардиданд.

Поделиться в