Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Умеди модари точик ба ояндаи дурахшони модарони афғон

16 сентябри 2021, панҷшанбе
 
Тулуи офтоби нурафшони гарм дар самои ғуборолуди сарзамини Афғонистон бар бохтани чони садхо хазор шахрвандони ин кишвар, садои тиру туфанг, гиряи кўдакону навхаи модарон, поймол гардидани хуқуқу озодихои онхо, ба хоку хун оғушта гардидани домони модар як сардии чонхарошеро пахн намуд, ки ба туфайли ин хама даргирихо аз сулху субот ва зиндагии осоиштаи мардум нишоне намонд. Халќи азияткашидаи афѓон аз бедодгарихои гурўххои террористию экстремисти рў ба гурез нихода, дар хар кучое, ки рост меояд, сарашонро панох медоранд…
Модарони бехабар аз фитнаи навбатии террористон, фарзандони хешро ба дабистон барои таълиму тадрис сафарбар менамуданд, вале таќдири онхоро ин нохалафон бо тарконидани мактабу махали зист хал намуданд. Аз ин амали нопокашон ором нагирифта, даст ба куштору ќатли занону модарон ва хохарон заданд. Навхаи чонсўзи модари афѓон ба само печид. Замин ларзону осмон бар холи зори модар мегиряд. Шояд онхо бо ин амалхои вахшиёнаашон худро ѓолиб шуморанд, вале на… Чомеае, ки хамеша дар асири фочеахо хаст, хостгори сулху салох мемонад. Дар орзуи сулху субот ва амали намудани ормонхои милли аз хуќуќу озодихояшон дифоъ менамоянд. Ин азмашон чунон устувор гардидааст, ки метавонад барои решакан кардани тухми чахл ќудрат пайдо кунад. Ва ин ќахрамониву часорати модарони афѓонро модарони чахон, махсусан модарони точик чонибдори менамоянду дар хаќќашон дуои хайр мекунанд. Умед бар он доранд, ки оромиву суботи чомеа дар кишвари чангзадаи онхо бо дастгириву ташаббусхои сулхпарвару халќпарвари Пешвои точикони чахон мухтарам Эмомали Рахмон, ки дар чамъомади тантанави ба истиќболи бузургдошти 30-юмин солгарди Истиќлолияти давлатии Точикистон тамоми давлатхоро ба химояи мардуми Афѓонистон, ба нест намудани гурўххои террористи, ба поянда гардонидани сулхи бебозгашт дар ин сарзамин даъват намуд, устувор мегардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомали Рахмон мавќеи ягонаву устувори Точикистонро оид ба вазъи зудтаѓйирёбандаи чомеаи чахони, авзои мураккаби сиёсии кишвари хамсояи Афѓонистон, таъсири он ба амнияти кишвархои минтаќа ва чахон муайян намуда, аз чомеаи чахони, кулли кишвархои сайёра ва ниходхои байналмилали оид ба хуќуќи башар талаб карданд, ки нисбат ба таќдири мардуми чангзадаи афѓон бетарафи ихтиёр накунанд.
Ва бемуболиѓа, ташаббуси аввалини дастгирии мардуми Афѓонистон ва барќарор намудани сулху суботи он аз чониби Пешвои сарсупурдаи миллат мухтарам Эмомали Рахмон рўи кор омад, ки халќу миллати точик аз он бо ифтихор сарфароз гардид.
Мо, модарони сарбаланди Точикистони сохибистиќлол ин ташаббуси инсондўстонаи Пешвои муаззами миллатро бо ѓурури баланди ватандори чонибдори намуда, бахри дифои хуќуќу озодихои модарону хохарони афѓон садо баланд мекунем. Модарони афѓонро танхо намегузорем ва дар партави хидоятхои Хукумати мамлакат талош бахри устувор гардонидани пояи сулху дўсти, бародарию баробариро дар хамсоякишвари Афѓонистон менамоем. Модарону хохарон хамеша асолати хешро нигох медоранд ва намегузоранд, ки нохалафе замири поки онхоро поймол кунад. Тахсину офарин мегўем ба бузургмодароне, ки барои сулху осоиштаги ва якпорчагии ватани азизашон талош доранду дуогўи хукмфармо будани амну амони дар кишварро доранд. Умед ба ояндаи дурахшони модарони афѓон дорем, чунки модарони рўи олам дар талаби сулху осоиштаги, мароми ягонагию вахдатофари, ободонию созандагии ватани хешанд.
 
          Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон

Поделиться в