Мизи мудаввар. «Оила бе хушунат зебост»
Дар Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд дар доираи маъракаи “16 –Рўзи алайҳи хушунат нисбати занон” бо мақсади дар амал татбиқ намудани «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014- 2023», мизи мудаввар таҳти унвони «Оила бе хушунат зебост» бо иштироки субектҳои пешигирикунандаи ин раванд, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолон ва ВАО баргузор гардид.
Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ҳадаф аз ташкили мизи мудавварро шарҳ дода, аз ҷумла афзуд, ки дар ҷаҳони муосир зўроварӣ дар оила зуҳуроти паҳнгашта буда, бартараф намудани он масъалаи муҳими иҷтимоӣ арзёбӣ мегардад. Мушкилоти зўроварӣ дар оила яке аз мушкилоти мубрами ҷахонӣ имрўза мебошад. Зўроварӣ дар оила кирдори паҳншуда ва хавфноке дар муҳити оилавӣ ба шумор меравад, ки ҳуқуқу озодиҳои аъзои дигари оиларо дағалона вайрон намуда, дар баъзе мавридҳо ба барҳамхурии оилаҳо ва худкушии ҷабрдидагон оварда мерасонад. Ҳеҷ кас аз ин кирдор истисно набуда, ҷабрдидаи зўроварӣ дар оила метавонад зан, мард, кўдак ё аъзои дигари оила бошад. Зўроварӣ дар оила масъалаи шахсии байни аъзои оила набуда, вайронкунии ҳуқуқи инсон ва табъиз нисбати дигар аъзои оила, натиҷаи бевоситаи нобаробарии байни марду зан мебошад.
Таъкид шуд, ки оила ҳамчун унсури аввалини ҷомеа эътироф шуда, дар кишвари мо таҳти ҳимояи махсуси давлат қарор дорад. Заминаи мавҷудаи устувори меъёрии ҳуқуқӣ, шурўъ аз Қонуни асосӣ ба оила муносибати хосса дошта, тибқи моддаи 33-и Конститутсияи мамлакат давлат оиларо ҳамчун асоси ҷомеа ҳимоя мекунад ва ҳар фарди ҷомеа ҳуқуқи ташкили оиларо дорад.
Аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба нақши оила дар пешравии ҷомеа таваҷҷуҳ ва щамхории доимӣ зоҳир мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати талошу сиёсати пайгирона ва заковати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзу ҳимояи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии оила, кӯдак ва волидайн қадамҳои устувор мегузорад.
Фирӯза Нуруллозода дар анҷоми маърӯзаи худ таъкид дошт, ки ҳадафи асосии мизи мудаввари имрӯза аз он иборат аст, ки мову шумо ҳамчун узви фаъоли ҷомеа, намояндагони сохторҳои маҳалливу қудратӣ ва ҷамъиятӣ баҳри дарёфт намудани роҳу усулҳои нави бартарафсозӣ зўроварӣ дар оила ва падидаҳои номатлуби ҷомеа аз тамоми имконоту васила истифода намоем.
Мизи мудаввар бо баёни андеша ва музокироти судманд анҷом пазируфт.