Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И

16 сентябри 2021, панҷшанбе
16 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар чаҳорчуби муносиботи шарикии стратегии ҳамаҷониба ва дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ карда шуд.
Ҷонибҳо аз сатҳи баланди ҳамкории кишварҳо дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва амниятӣ изҳори қаноатмандӣ карда, роҳҳои рушду густариши минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва ҷалби сармояи Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистонро, муҳокима намуданд.
Аз вазъи мураккаби сиёсию низомӣ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон изҳори нигаронӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо сарҳади дарозтарин, забон ва таърихи муштарак бо Афғонистон, нисбат ба сарнавишти ин кишвар бетараф буда наметавонад.
Дар ин зимн таъкид гардид, ки Тоҷикистон хостгори барқарории сулҳу суботи пойдор дар ин кишвари ҳамсоя мебошад.

Поделиться в