Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Мулоқоти судманд

17 сентябри 2021, ҷумъа
Бо мақсади устувору пойдор нигох доштани сулху вахдати комили кишвар, тарғиби дастовардхои беназири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 30 соли истиқлолият, таҳкими пояхои миллӣ, пешгирии омилхои номатлуби ҷомеа, аз қабили терроризму экстремизм, шомилшавии занону чавонон ба хар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, баланд бардоштани хувияти миллии занону чавонон, пос доштани арзишхои милли намояндаи Кумитаи кор бо занон оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодону донишҷўёни Донишкадаи омўзгории ноҳияи Рашт мулоқоти судманд анҷом дод.
Зимни мулоқот устодону донишҷўён аз дастгириву ташаббусҳои наҷиби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати сулҳу суботи мамлакат, ғамхориҳои пайваста нисбати занону ҷавонон сухан намуда, иброз доштанд, ки баҳри рушди бемайлони Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки зиндагии шоистаи мардуми кишварро таъмин менамояд, саҳми арзанда мегузоранд. Мулокоти намояндаи Кумита бо ахли чамоатчигии нохияхои Рашту Точикобод идома дорад.

Поделиться в