Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон - ҳанҷарае барои адолатхоҳӣ ва терроризмситезӣ

23 сентябри 2021, панҷшанбе

 

 
Дар охирин нишасти Шонгҳой, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони он буд ва дар набуди намояндаи Афғонистон сӯҳбатҳои муҳим дар мавриди кишвари мо (Афғонистон) ба унвони узви нозири Шонгҳой бояд тавассути кишварҳои узв сурат мигирифт, фақат раисҷумҳури мӯҳтарами Тоҷикистон буд, ки садои ҳақталабонӣ ва адолатхоҳонаи моро баланд кард.
Бале, оқои Раҳмон натанҳо ба ҳайси як ҳамсояи хуб, балки ба ҳайси як раисҷумҳури боэҳсос ва бомасъулият дар минтақаи мо, дар мавриди буҳрони пешомада дар Афғонистон бо сароҳати лаҳҷа ва бидуни лифофагӯии сиёсӣ гапҳои муҳимро гуфт, ки ин бори нахусти ин гуна баён тавассути эшон нест.
Дар даврони Муқовимати аввал низ дар нишасти сарони кишварҳои ҷаҳон дар шаҳри Нюйорки Аёлоти муттаҳидаи Амрико низ суханронии мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як суханронии олии таърихӣ дар мавриди кишвари мо буд, ки ҳаргиз он сӯҳбатҳои адолатхоҳонаи ӯро фаромӯш намекунем. Дар шароити кунунӣ, ки аксарияти мутлақи кишварҳои ҷаҳон, ки баъзеяшон худро мудофеъони дараҷаи яки ҳуқуқи башар, ҳуқуқи зан, демокрасӣ ва озодии баён мешуморанд, вале дар мавриди таҳаввули Афғонистон сукут карданд, ин Тоҷикистон аст, ки ошкоро аз мардуми мо ва доияи барҳақи муқовимати миллӣ ҳимояташонро эълон карданд.
Аҳмад Фаҳими Кӯҳдоманӣ, дипломат

Поделиться в