Курси омӯзишии Зан-сарвар
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 4.4-и Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандaи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022 курси омӯзишии “Мактаби сарварӣ”-ро барои занону духтарони сарвари ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Нуробод, Сангвор ва Лахш дар ноҳияи Рашт баргузор намуд.