Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Пешвои миллат такягоҳи занон

03 декабри 2019, сешанбе

Бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа бо иштирок васеи занони роҳбар, собиқадорони меҳнат, раисони шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби занон, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, сардорони раёсат, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Пешвои миллат такягоҳи занон” баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории Конфронсияи мазкур, ки дар мавзўи «Пешвои миллат такягоҳи занон» бахшида ба 20 – солагии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» роҳандозӣ гардида дар кор он ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода бо суханони табрикотӣ ва мавқеи арзандаи занону бонувон дар ҷомеа баромад намуд. Зикр доштанд, ки маҳз бо дастгириҳои пайваста ва ғамхории падаронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону бонувон дар рушду нумӯи кишвар саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Райси Кумита Қосимзода И.Т аз хусуси дар заминаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” ба тасвиб расидани як қатор санадҳои меъёри ҳуқуқӣ, аз қабили Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2022”, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон , “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, Консепсияи рушди оила сухан намуданд.

Дар кори конференсия муовинони вазорату кумитаҳо, муовинони раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳо аз боби саҳми арзандаи занону бонувон дар хизмати давлатӣ ва соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ баромад намуданд.

Конференсия кори худро бо қабули муроҷиатнома анҷом дод.  

 

Муроҷиатномаи иштирокдорони Конференсияи ҷумҳуриявии “Пешвои миллат такгоҳи занон” ба бонувони Тоҷикистон.

Бонувони шарафманди Тоҷикистони азиз!

Мо занони саодатманду баландиқболи тоҷик ифтихор аз он дорем, ки султони сарнавиштсози тақдир барои мо занону модарон пуштибони асилу сипари боэътимод, соҳибтамаддуну фарҳангсолор, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ато намудааст.

Зеро аз рӯзҳои нахуст, ки ба арсаи сиёсат қадам гузоштанд, мушкилоти беҳгардонии шароити занон ҳамеша дар маркази меҳварии диққати Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт. Интишори Фармони Президенти кишвар «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», ки мо бо ифтихор 20 - умин солгарди онро ҷашн гирифта истодаем, ҳуҷҷати сарнавиштсозу муҳимест, ҳамчун раҳнамо барои таҳия ва қабули даҳҳо санадҳои ҳуқуқии дигар.

Сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият ба ҳаёти занон таъсири амиқи худро гузошт. Соҳибистиқлолӣ чунин муҳитеро фароҳам овард, ки ҳар як фард бахусус занон имконияти муфиди худсозию худмуаррифиро дар ҷомеа ба даст оварда, дарк намуданд, ки онҳо низ ҳамчун як қувваи бузурги созанда метавонад саҳми худро дар бунёд ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ гузоранд, метавонад собит созад, ки рисолати ватандориро бо тамоми вуҷуди худ эҳсос ва дарк менамояд.

Дар ин росто мисол овардани суханҳои Пешвои миллат–муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле ба маврид хоҳад буд, ки дар яке аз вохӯриҳояшон  иброз доштанд: «Мо тоҷикон, ки барҳақ яке аз миллатҳои қадимаву соҳибфарҳанги дунё ҳастем ва нақши тамаддунсозии моро оламиён эътироф кардаанд, аз он ифтихор дорем, ки дар давоми чандин ҳазорсолаи умри миллатамон занону модарони оқил, баномус ва соҳибхирад дар паҳлўи мардони корзори сарбаландиҳо ва фатҳу кушоишҳо будаанд ва барои озодиву истиқлолияти сарзамини аҷдодӣ далерона талошу мубориза бурдаанд.»

Буданд  он лаҳзаҳои даҳшатбори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки миллати моро ба яъсу ноумедиҳо бурда, ашки талхи модарони фарзандгумкардаро ҷорӣ намуданд, ки ин ёдовариҳои талху нангин дар хотири мо занону насли калонсол боқӣ монда, бо шарофати ҷонбозиҳову аз ҷонгузаштанҳои Пешвои муззами миллат ба насли ҷавон ҷаҳони маънавии фурўзон ва сулҳу суботи Тоҷикистони азиз пойдор гардид.

Мо занону модарони Тоҷикистони азиз ба эътимоди Сарвари оқилу фарзонаи худ Эмомалӣ Раҳмон, беҳтарин пешвои худ содиқ буда, ба иродаи созандаи Пешвои муаззами миллат такя хоҳем кард.

Тоҷикистони азизи худро, чун гавҳари чашм ҳифз намуда, дар маъракаи сиёсии дар пеш истода, интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми неъруи худро сафарбар хоҳем кард.

Мо, занону модарон бо роҳнамоии Сарвари соҳибмаърифату тамаддунсози миллат, фарзанди фарзонаву бохирад нияту нақшаҳои оғоз кардаамонро баҳри тарбияи фарзандони солеҳу бохирад, ватандўсту меҳанпараст бо заҳмати аҳлонаву софдилона амалӣ мегардонем ва нерўи худро ба таҳкими пояҳои оиладорӣ, раванди демократикунонии миллӣ ва пешрафти кишвари азизамон равона месозем.

Роҳи сулҳу субот ва созандагиро пешаи амалҳои дурбинонаву ояндасоз намуда, барои тақдири имрўзу ояндаи миллати хеш њаргиз бетафовут нестем ва нахоҳем буд. Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони биҳиштосоро, ки хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон аст, ҳаргиз ба дасти бегонагону хурофотпарастон нахоҳем гузошт.

        Боварии комил дорем, ки ин Муроҷиатнома аз номи кулли занону модарони кишвар, ҳамовози ёфта, ҷонибдории ҳамаҷонибаро пайдо менамояд

           Мо бонувон, ҳамеша ҷонибдори сиёсати Ватандӯстонаву инсонпарваронаи Шумоем, Пешвои миллат!

                                   Зиҳӣ Пешвои мардумӣ  ! Зиҳӣ, Зиҳӣ, Зиҳӣ!

 

 

 

Поделиться в