Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Cеминар-машварат

28 сентябри 2021, сешанбе

Бо мақсади пешгирии хушунати хонаводагӣ дар доираи "Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила" бо ҷалби нозирон оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оилаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, табибони ҳуҷраҳои тавонбахши тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ ва марказҳои ёрирасон оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар мавзӯи "Беҳтар кардани хизматрасонии касбӣ ба ҷабрдидагони зӯроварӣ, сабабҳо ва роҳҳои коҳиш додани зӯроварӣ дар оила" семинар-машварат баргузор гардид.

Поделиться в