Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Иштирок дар чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ

29 сентябри 2021, чоршанбе
29 сентябр дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханронӣ карданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сокинони ватандӯсти шаҳру ноҳияҳои вилоятро бо санаи муҳими таърихии 30-юмин солгарди истиқлоли ватан табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар роҳи идомаи иқдомҳои созанда баҳри шукуфоии сарзамини аҷдодӣ сулҳу оромӣ, тандурустиву хушбахтӣ ва файзу баракат орзу карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки сокинони сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чун дигар шаҳвандони кишвар ҷашни истиқлолиятро бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтанд.
Тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ҳудуди вилоят то имрӯз 743 иншоот ба маблағи умумии 927 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуда, дар онҳо зиёда аз 3200 ҷойи нави корӣ ташкил гардидааст.
Таъкид гардид, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ то имрӯз ба хотири рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он беш аз 21 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Танҳо соли 2020 ва шаш моҳи соли 2021 аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои таъмини фаъолияти соҳаҳои мухталиф, бунёди иншооти иҷтимоӣ, таъмиру азнавсозии роҳу пулҳо, корҳои сохтмону ободонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дастгирии буҷети вилоят 922 миллион сомонӣ равона шудааст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят 33 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз се миллиард сомонӣ ба анҷом расида, ҳоло татбиқи 14 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии се миллиарду 300 миллион сомонӣ идома дорад.
Дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2021 – 2025 амалисозии боз 135 лоиҳа ба маблағи умумии қариб 4,8 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати бунёди манзилҳои истиқоматӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қариб 3765 гектар замин ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудааст.
Танҳо дар шаҳри Хоруғ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои коммуналӣ ва беҳтар намудани ҳолати беҳдоштиву обтаъминкунии аҳолӣ дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 91 миллион сомонӣ ҷудо гардида, то имрӯз корҳо ба маблағи беш аз 22 миллион сомонӣ иҷро шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар имкон дод, ки сатҳи камбизоатӣ дар вилоят аз 97 фоизи соли 1999 то ба 29,7 фоиз дар соли 2019 паст карда шавад.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар ноҳияҳои Мурғоб ва Дарвоз корхонаҳои бузурги соҳаи истихроҷ таъсис ёфта, ҳоло муваффақона фаъолият карда истодаанд.
Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва фаъолияти пурмаҳсули сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар даврони 30 - соли истиқлоли давлатӣ соҳаи кишоварзӣ сол ба сол рушд ёфта, барои таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми назаррас гузошта истодааст.
Дар маҷмӯъ, дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаи энергетикаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 24 лоиҳаи хурду миёна ба маблағи умумии 1,7 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, имрӯзҳо амалисозии боз 7 лоиҳаи дигар ба маблағи зиёда аз 1,1 миллиард сомонӣ идома дорад.
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати бунёди роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 11 лоиҳаи сармоягузории давлатиро ба маблағи зиёда аз 2,3 миллиард сомонӣ амалӣ намуд. Дар натиҷа бунёду азнавсозии 373 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва 40 пул ба анҷом расонида шуд.
Аз дастовардҳои вилоят дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ёдовар шуда, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маблағи умумии 300 миллион сомонӣ 180 муассисаи нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ бо 40 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд.
Дар соли 2021 барои соҳаи тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз буҷети давлат ҷудо кардани 92 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2020-ум 15 фоиз зиёд мебошад. То соли 2006 ба аҳолии вилоят 246 муассисаи тиббӣ мерасонид. Имрӯз шумораи чунин муассисаҳо ба 347 расида, ҳамаи онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин карда шудаанд.
Барои таъмини мутахассисони соҳа ҳоло аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 292 нафар, аз ҷумла бо квотаи президентӣ 190 нафар ҷавонон таҳсил карда истодаанд.
Дар охири суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи сокинони заҳматдӯсти вилоятро бо ҷашни умумимиллӣ-30-солагии Истиқлолияти ватан ва ифтитоҳи иншооти нави таъиноти гуногун, ки ба хотири беҳдошти сатҳи зиндагии мардум бунёд шудааст, табрику таҳният гуфтанд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи бошукуҳи консертии аҳли ҳунари вилоят ба ифтихори солгарди истиқлолият баргузор гардид, ки бисёр хотирмону дилнишин буд.

Поделиться в