Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Бонуи дорусози тоҷик дар намоишгоҳи «KIWIE- 2021» дар Кореяи Ҷанубӣ соҳиби медали нуқра шуд.

01 октябри 2021, ҷумъа

 Малика Раҳимова муовини декани факултаи дорусозии ин донишгоҳ буда, дар Намоишгоҳи «KIWIE- 2021» ва Форуми байналмилалии занони ихтироъкор, ки дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд, тариқи маҷозӣ ширкат намудааст.

 Малика Раҳимова ба ин ҳамоиши сатҳи ҷаҳонӣ бозёфти худро дар бораи маҷмӯагиёҳҳои зиддидиабетӣ пешниҳод кард ва он баҳои баланд гирифту соҳиби медали нуқра гардид.

    Ойбегим Зуурбекова ва Мижгона Шарофова, ду бонуи ихтироъкори дигар дар ин намоишгоҳ ширкат намуда, соҳиби медалҳои биринҷӣ гаштанд.

 

    Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин бонувони ихтироъкорро ҷиҳати соҳиб гардидан ба ин мукофоти олӣ муборакбод намуда, дар пажӯҳиши минбаъдаи онҳо муваффақият таманно менамояд. Бошад ки сафи чунин бонувон дар соҳаҳои мухталифи ихтироот зиёд гардида, шарафу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар ҷодаи илму маърифат дар сатҳи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоранд. 

 

Поделиться в