Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Мукофоти олӣ

04 октябри 2021, душанбе

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ситораи санъату кинои тоҷик Сайрам Исоеваро барои ноил гардидан ба ин мукофоти олӣ табрику таҳният гуфта, ба ҳунарманди асил  саодати рӯзгор, муваффақиятҳо ва бурдбориҳои беназир орзу менамояд. Қадрдонӣ гардидани ҳунари волои ҳунарманди мумтоз дар сатҳи байналмилалӣ дар таърихи санъату кинои тољик як масири тозаи нав ва неруи азимеро ба худ зам намуд. Ин  ҳувияти миллии муаллимаи азиз  буд, ки Тоҷикистони азизро бо санъати волою шахсиятҳои ватандӯсту хештаншинос ҳамчун як миллати фарҳангшиносу тамаддунофар мешиносанду эҳтиром мекунанд.

Муборак бошад, ин сарфарозӣ!

Поделиться в