Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи машваратии байниидоравӣ оид ба Барномаи муштараки ташаббуси ҷаҳонии “Нури рӯшноӣ”

04 декабри 2019, чоршанбе

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ташаббуси ҷаҳонии “Нури рӯшноӣ” оид ба пешгирии хушунат нисбати занон ва духтарон барои ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Аврупо мақомоти ваколатдор барои ҳамкорӣ интихоб шуда, бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои байналмилалӣ ҷаласаи якуми ташаббуси ҷаҳонии “Нури рӯшноӣ” баргузор намуд.

Дар ибтидои чорабинӣ Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул Тағо, ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта, Сафири Иттиҳоди Аврупо ва Роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мэрилин Йосефсон суханронӣ намуда, мушовир оид ба масоили сулҳ ва рушди дафтари ҳамоҳангсозии доимии СММ дар Тоҷикистон лоиҳаи  “Нури рӯшнои”-ро муаррифӣ намуд.

Ҷиҳати амалигардонии лоиҳаи мазкур дар доираи таъмини ҳуқуқҳои занону духтарон, коҳиш додани зӯровари нисбати онҳо таклифҳои муфид пешниҳод гардиданд.

 

Поделиться в