Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Забон-шоҳсутуни миллат

04 октябри 2021, душанбе
Бахшида ба таҷлили Рӯзи забони давлатӣ, ки дар масири тантанахои чашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Чумхурии Точикистон чашн гирифта мешавад, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони сохторхои марбутаи давлати тахти унвони «Забон-шохсутуни миллат» мизи мудаввар доир намуд.
Раиси Кумита Ќурбонзода Хилолби Чумъахон нуқтаи назари худро андар фазилату мероси пурғановати таъриху фарҳанги миллати тоҷик будани забони модарӣ, ки мақоми давлатиро касб намудааст, иброз намуда, зикр дошт, ки забон хишти аввалини кохи миллат, яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва нахустунсури тафаккури миллӣ буда, забони сулҳу дӯстӣ, меҳру муҳаббат ва садоқату бародарӣ мебошад. Махз, забони тоҷикӣ ба сифати рукни муҳими давлатдории миллӣ ваҳдату сарҷамъии миллати моро дар саросари кишвар таъмин месозад.
Зикр гардид, ки забони давлатӣ дар пойдорӣ ва суботи давлати миллӣ мақому нақши муҳим дошта, ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат эълон гардидааст.
Имрӯз ҳам ин забон илҳомбахши фаъолияти ҳаррӯзаи мо буда, бунёдкориву созандагиҳои мардумамон дар ин забон таҷассум меёбанд ва ба оламиён муаррифӣ мешаванд.
Аз ин рў, бузургдошти Рўзи забон ин арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллат аст.
Намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, донишҷӯдухтарони Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят»-и назди Кумита низ бо маърузахои пурмухтаво баромад намуданд.

Поделиться в