Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

05 октябри 2021, сешанбе

 

Бо камоли эҳтирому самимият  аз номи кулли занону бонувони кишвар  зодрӯзи хуҷастаатонро сидқан табрику муборакбод намуда, ба Шумо, Пешвои муаззами миллат, саломатӣ, умри дароз ва комёбиҳои беназирро  орзу менамоем.

            Ба шарофати азму талошҳо ва ибтикорҳои нотакрори Шумо амну амонӣ, ваҳдату истиқлолият, ягонагӣ, баробарию бародарӣ, комилҳуқуқии шаҳрвандон ва дастоварду шоҳкориҳои азими Тоҷикистони соҳибистиқлол вирди забони ҷомеаи ҷаҳонист.

            Дастовардҳои азими миллати тоҷик дар тӯли 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои нодири Шумо дар самти об ва бехатарии минтақа бори дигар аз сарсупурдагии Шумо ба миллату давлат далолат менамояд.

            Мо, модарону бонувони сарбаланди тоҷик бо ифтихори баланди ватандорӣ ба Шумо, фарзанди фарзона, сари таъзим фуруд меорем, ки бо сиёсати пешгирифта ва таъкидҳои пайваста вобаста ба шинохти чеҳраи сиёсии бонувони тоҷик, қадршиносии саҳми онҳо дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, хусусан, дар солҳои вазнину ҳассоси оғози соҳибистиқлолӣ, барқарорсозии баъдиҷангӣ ва давраҳои минбаъдаи рушди кишвар ба мақому манзалати занон шарафмандии бузургеро зам менамоед.

Таманнои онро дорем, ки давлату миллат таҳти сиёсат ва роҳбарии хирадмандонаи Шумо ҳамеша дар амон бошад ва сулҳу суботи комили ватан устувору пойдор бимонад.

 

Ҷашни зодрӯз муборак, Пешвои муаззами миллат!

 

Бо эҳтироми беандоза 

Кумитаи кор бо занон

ва оилаи назди Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон                      .

Поделиться в