Мизи мудаввар
Бо мақсади татбиқи “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” бо иштироки доираи васеи намонядагони вазорату идораҳо, муовинону мудирони раёсат, шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид. Раиси Кумита Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон оид ба самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ҷињати фаъолгардонии нақши занон, татбиқи принсипи баробарии ҳуқуқу озодиҳои мардону занон ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои амалисозии он, таъмини намояндагии баробари мардон ва занон дар соҳаҳои мухталифи фаъолият, пешгирӣ ва аз байн бурдани зӯроварӣ нисбати занон, ки ҳадафи асосии Стратегияро муайян менамоянд, ҳарф зада, аз иштирокдорони мизи мудаввар татбиқи амалияи Стратегияи болозикрро тақозо намуд.