Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Занон, сулҳ ва амният

07 октябри 2021, панҷшанбе

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи малакаву касбияти занони роҳбар дар масъалаи таъмини баробарии гендерӣ ҷиҳати мусоидат ба амалисозии “Конвенсия оид ба барҳам додани ҳама гуна шаклҳои  табъиз нисбати занон “ ва  Қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар самти “Занон, сулҳ ва амният”, баланд бардоштани маърифатнокии занону бонувон дар самти баробарҳуқуқии мардону занон дар ҷомеа семинар-тренинги омӯзишӣ дар мавзуи “Сулҳ, бехатарӣ ва пешгирии ифротгароии хушунатомез” бо иштироки мудирону мутахассисони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хоруғ, Кўлоб, Исфара, Балҷувон ва Шаҳринав баргузор гардид.

Поделиться в