Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ

12 октябри 2021, сешанбе

Тибқи Нақшаи чорабиниҳои Кумита ҷиҳати пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва тарғибу ташвиқи ҳифзи арзишҳои миллӣ гуруҳӣ корӣ таҳти роҳбарии Азимова М.А ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сафарбар гардид. Нахуст суҳбату мулоқоти гуруҳи корӣ, ки дар ҳайати он намояндагони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони раисон, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят шомиланд, аз ноҳияи Дарвоз оғоз гардид.

Поделиться в