Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Табрикнома

03 январи 2020, ҷумъа

 

Бонуи азизу меҳрубон, Озода Раҳмон Эмомалӣ!

Мавлуди мубораку хуҷастафолатонро аз самими дил табрик гуфта, бароятон тани сиҳат, саодати рўзгор ва парвозҳои баланд дар фаъолияти пурзаҳмати меҳнатӣ таманно менамоем.

Мавлуди мубораки Шумо, ки аз оғози соли нави мелодӣ мужда мерасонад, на танҳо паёмаде дорад аз навгониҳову некрӯзиву хушбахтиҳо, балки худи Шумо муждарасонед аз фардои дурахшон, аз ояндаи неки Тоҷикистон. Боиси ифихор аст, ки Шуморо фарзандони кишвар чун бонуи номдору модари ғамхор мешиносанд ва иззату эҳтиром менамоянд. Шумо ба зами бори хонаводагӣ, бори гарони вазифаи пурмасъулияти давлатиро ба душ гирифта, мисли падари ҷонфидои хеш, ки Пешвои муаззами миллат ва бузургтарин сарвари замон аст, дар роҳи пешбурди корҳои азими кишвардорӣ, таъмини шаффофияти адолати кадрию иҷтимоӣ, ҳалли масъалаҳои муҳими ҳаёт, ҳифз ва афзун намудани дастовардҳои мамлакат, дар маҷмӯъ барои ҷомаи амал пӯшонидан ба тани орзуҳои наҷиби ватандорӣ ҷаҳду талоши беандоза менамоед.

Таҷрибаи зиндагӣ исбот кардааст, ки ба ҳар коргоҳе ё даргоҳе қадами мубораки зан бирасад, дар он ҷо файзу баракат даҳчанд шуда, нодорӣ ба дороӣ ва ғам ба шодӣ мубаддал мегардад, ки ин ҳама аз ҳисоби сарфаву сариштакорӣ ва одати деринаву дурандешаи модарона сарчашма мегирад.

Хушбахтона, имрӯз дар аксар идораву коргоҳҳои мамлакати мо як қисмати кори сараварӣ ба зимаи бонувон гузошта шудааст, ки аз мардон бартарӣ нишон медиҳанд. Маҳз аз ҳамин ҳисоб кишвари мо рӯз аз рӯз шукуфону обод ва хотири мардум шод гашта истодааст, ки дар ин дигаргуниҳо нақши Шумо чун бонуи донишманду кордон ва пешкори бонувони диёр беназир аст.

                    Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,

                    Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.

 Бори дигар рӯзи мавлуд муборак! Умри дарози пурсамар, бахту саодати доимӣ насибатон гардад ва обрӯву шуҳрати Шумо ҷовидона бод, бонуи хирадманду соҳибдил!

 

Поделиться в