Пешгирии зуҳуротҳои номатлуб
20 октябри 2021, чоршанбе
Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, хурофотпарастию ифротгароӣ, ташвиқи фарҳанги миллӣ инчунин баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ, тарғиби ҳаёти солим, пешгирии зуҳуроти номатлуб байни донишҷуён бо иштироки муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффорзода Нигорахон ва намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон, аҳли ҷамоатчигӣ ва донишҷӯёни Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохӯрии судманд баргузор гардид.
Ҳамчунин чунин вохӯриву мулоқотҳо дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, донишгоҳи политехникӣ, донишгоҳи давлатии тиҷорати вилояти Суғд, коллеҷҳои омузгорӣ , технологӣ ва тиббии шаҳри Конибодом баргузор гардиданд.