Мулоқоти судманд
Тибқи нақша- чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки узви Маҷлиси миллии маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан Фирӯза Мӯъминова, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффорзода Нигорахон, ёвари директори «Маркази исломшиносӣ»-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳбоз Шосаидзода, корманди маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиназар Ашуров ва Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд Хуршеда Хоҷазода мулоқоту вохӯрии судманд бо фаъолазанони шаҳр баргузор гардид.