Пешгирии зуҳуротҳои номатлуб
25 октябри 2021, душанбе
Тибқи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, хурофотпарастию ифротгароӣ, ташвиқи фарҳанги миллӣ инчунин баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ, тарғиби ҳаёти солим, пешгирии зуҳуроти номатлуб бо иштироки муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон Абдуллозода Умеда вохурии судманд бо фаъолзанон ва аҳли ҷамоатчигии шаҳри Бохтар баргузор гардид.
Бо ин мақсад сухбат - мулоқоти мудири бахши иттилооти Кумита Сабохат Рустам бо сокинони ҷамоати деҳоти Ясман ва Хоити ноҳияи Рашт руйи кор омад.