Вокуниши Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалагузории Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садыр Джапаров оид ба баҳси марзӣ
26 октябри 2021, сешанбе
Дар раванди ҷаҳонишавӣ гирудориҳои хамсоякишварҳои бародар ба мардуми сайёра намунаи барҷастаи хароб гардидани иқтисодиёту иҷтимоиёти ин кишварҳо ва поймол гардидани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони давлатҳои ҷангзадаву харобгаштаи ҷаҳон мебошад.
Аз ин рӯ, тақсимоти ҳудудию марзи барои садрнишинони ҳокимият воҷиб нест, зеро мароми ҳар халқу миллат дар ҳар давру замон сулҳ асту субот хасту таъмини амнияти мардум аст.
Ҳодисаҳои ҳузнангез ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ миёни бародарони тоҷик саҳифаҳои дурахшони давлатдории миллати куҳанбунёду фарҳансолори тоҷикро тира сохт, вале ба бахти баланди миллату давлати Тоҷикистон модари баландахтари тоҷик Рустами замон, марди майдони сиёсат ва адолату нанг муҳтарм Эмомалӣ Раҳмонро ҳадя намуд, ки дар кӯтоҳтарин лаҳзаҳои пурҷидол тавонистанд миллати парешонро сарҷамъ, сулҳу суботро яқинан пойдор ва мартабаи олии инсонгароёнаро аз ҳама воло гузоштанд.
Ин мароми сулҳхоҳи, ватандӯстӣ, инсондӯстиву ватанпарастии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мардуми ҷафопешаи Тоҷикистон, минҷумла занону модарон пеша намуда, дар роҳи бунёдкориву созандагӣ, ҳифзи марзу бум, таҳкими пояҳои сулҳу дӯстӣ бо ҳамтоёни сиёсии худ, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ камари ҳиммат бастаанд ва намегузоранд, ки ҳаёти орому осудаи халқу миллат бо иғвоҳои навбатии марзӣ халалдор гардад ва як порча замини Тоҷикистон зи нав олуда гардад.
Миллати тоҷик таҳти роҳбарии Президенти маҳбуби кишвар ва дирафши паравшони ҷилодори тоҷик хоҳони сулҳу амонӣ, созандагию бунёдкорӣ ва бахту иқболи баланди хешанд, ки ин маром аз ҷониби роҳбарони дигар давлатҳо низ агар роҳандозӣ гардад, муҳимияти идораи давлат ва хушбахтию саодатмандии миллати хешро эҳсос мекунанд.
Точикистон бо Киргизистону Афгонистон равобити дўстиву бародари ва хамкорихои мутакобилан судманд дорад ва то абад ин робита хадафмандона рохандози мегардад. Пиёда гардидани сиёсати дархои кушод аз чониби Президенти хирадманду сулхпарвар ва инсондўсту ватанпарасти Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон гувохи ин хамкорихо ва шохкорихои азим дар рушду нумўи чонибхо, дар хамбастагии кавму миллатхо ва садокату эхтироми тарафайн аст. Ва имрўз, ки бахси марзи рафта истодааст, набояд аз ин ташаббусхо сарфи назар кард, набояд миёни ду миллат кинаи кахру адоват аланга занад, ки окибати хайр надорад.
Мардуми мехнаткарини точик аз азал ватандўст, мехмоннавоз ва сулхпарваранд ва то чое имкон доранд, намегузоранд, ки масъалахои бахси марзи якдиливу якмаромии ду миллати ба хам омадаро канда намуда, фазои орому осудаи ду кишварро тира намояд ва садои чонсўзу чонхароши модарону хохарони ду марзро ба само печонад.
Сулху дўсти, садокату вафодори, якмаромию яковози мароми хар халку миллат аст. Бошад, ки масъалаи болозикр барои боз хам муттахид гардидани халкияти ин ду кишвар мусоидат намояд.