Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита

07 январи 2020, сешанбе

Ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода З.Г доир гардид.

Дар Мушовара ҳисоботи Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2020 шунида шуд.

Нақшаи кори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2020 тасдиқ гардид.

Аз рӯи масъалаҳои

баррасии дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид;

 андешидани чораҳо ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар самти татбиқи босамари Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» аз 1 апрели соли 2017, №158;

таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2015, №645 «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020»;

таъмини иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 ҷиҳати баргузории Фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

ташкили гуруҳҳои тарғиботӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор гардонидан ва таъмини иштироки бонувон дар маъракаҳои сиёсии кишвар - интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо

таъмини иҷрои бандҳои Нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 ва таҳлили натиҷаҳои амалишавии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 дар давраи солҳои 2011-2020;

таъмини иҷрои Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солњои 2014-2023”, Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”аз 30 декабри соли 2015, №801.

Дар ҷаласа сардорони Раёсат, шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои минтақаи Рашт, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ш.Душанбе ҳисобот доданд.

Ҳамзамон, дар кори мушовара масъалаҳои мубрами ҷомеа пешгирии пошхӯрии оилаҳо, хурофотпарастӣ ва пешгирии тарғиби фарҳанги бегона мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Кори мушовараро Раиси Кумита Қосимзода И.Т ва муовини сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода З.Г ҷамъбаст намуданд.

 

Поделиться в