Рушди устувор ва роҳбарии занон дар Осиёи Марказӣ
28 октябри 2021, панҷшанбе
28 октябри соли 2021 дар якҷоягӣ бо Барномаи Рушди СММ ва Созмони Милали Муттаҳид - Занон дар доираи Барномаи амали Муколамаи занони пешвои Осиёи Марказӣ барои соли 2021 дар мавзӯи: «Рушди устувор ва роҳбарии занон дар Осиёи Марказӣ» бо иштироки аъзои Муколама, роҳбарони вазорату идораҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, вакилони ҷавони парлумон, намояндагони ҳолатҳои фавқуллода, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва академияҳо конференсияи минтақавӣ баргузор гардид.
Кори конференсия ба таври маҷозӣ суръат гирифта, дар он дастовардҳо ва мушкилот дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва қабули Нақшаи амалиёти минтақавӣ оид ба Ҳадафҳои рушди устувор , таҳкими ҳамкории занони пешво ва созмонҳои занон дар Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Аз ҷониби Тоҷикистон дар ин чорабинии бонуфуз Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони ҷавони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходимони ҷавони Академияи миллии илмҳо, намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва коршиносони миллӣ иштирок ва баромад намуданд.