Сайёҳӣ омили рушди иқтисоди кишвар
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи татбиқи ҳадафҳои "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" баҳри муаррифии зарфиятҳои сайёҳии кишвар, имкониятҳои ташкили хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва тақвияти сайёҳии дохилӣ пресс-турро дар шаҳри Бохтар баргузор намуданд. Ҳамзамон дар шаҳри Бохтар Конфронси миллии сайёҳӣ дар мавзуи "Сайёҳӣ омили рушди иқтисоди кишвар" доир гардид.