Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Пешбурди муколамаи сиёсӣ дар самти тавонмандии иқтисодии занон ва баробарии гендерӣ

03 ноябри 2021, чоршанбе

Бо мақсади пешбурди муколамаи сиёсӣ дар самти тавонмандии иқтисодии занон ва баробарии гендерӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва рушди иқтисодӣ дар доираи татбиқи Барномаи рушди устувор ва Ҳадафҳои рушди устувор барои давраи то соли 2030 ҷаласаи солонаи Гуруҳи кории мавзӯӣ оид ба ҳадафи рушди гендерӣ ва рушди устувори Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA) бо иштирок ва баромади Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон дар шакли маҷозӣ доир гардид.

Поделиться в