Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Конститутсия - бахтномаи миллат

05 ноябри 2021, ҷумъа
Бахшида ба 27-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, намояндагони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Дастгоҳи марказии Кумита ва таълимгирандагони Муассисаи давлатии Маркази таълимии "Ҷароғи ҳидоят" таҳти унвони " Конститутсия - бахтномаи миллат" мизи мудаввар баргузор гардид.
Зимни баромад Раиси Кумита қайд карданд, ки Конститутсия асоси низоми қонунгузории мамлакат буда, дар заминаи он қонунҳо ва дигар санадҳои зерқонунӣ қабул мешаванд, ки соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва сохтору фаъолияти давлатиро танзим намуда, барои рушди босуръату устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии мамлакат заминаи мусоид мегузоранд.
Мавсуф аз моддаҳои 17-и Конститутсия, ки меъёрҳои умумии баробарҳуқуқии мардон ва занонро муқаррар намудааст, ҳарф зада зикр доштанд, ки баробарии вазъи ҳуқуқҳои мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳоро кафолат медиҳад.
Ҳамзамон аз моддаи 33-и Конститутсия, ки давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият зери ҳимояи худ қарор додаст ва дигар меъёрњои Конститутсия, ки кафолатҳои умумии баробарии ҳуқуқро дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ (моддаи 27), ҳуқуқ дар моликият ва мерос (моддаи 32), ҳуқуқ ба меҳнат (моддаи 35), ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ (моддаи 38), ҳуқуқ ба ҳифзи иҷтимоӣ (моддаи 39) ва ҳуқуқ ба таҳсил (моддаи 41) муайян кардааст ва дар асоси моддаҳои мазкур қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробарии амалигардонии онҳо» аз 1 марти соли 2005, №89 сухан рафт.

Поделиться в