Мулоқоти судманд
21 январи соли 2020 Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ясмин Гуедар мулоқот намуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти соҳибкории занон, нақши занон дар сиёсат ва табодули таҷриба байни рӯзноманигорон баррасӣ шуданд.