Гурӯҳи кории Шарҳи универсалии даврӣ
05 ноябри 2021, ҷумъа
4 ноябри соли 2021 дар шаҳри Женева иҷлосияи 39-уми Гурӯҳи кории Шарҳи универсалии даврӣ баргузор гардид. Ҷониби Тоҷикистон дар ҳайати Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон ва роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳои марбута таҳти роҳбарии Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ барои солҳои 2017-2020 пешниҳод намуд.
Маврид ба зикр аст, ки иҷлосияи мазкур ба таври фосилавӣ доир гардида, намояндагони 187 давлати дунё тавсияҳои худро баҳри рушди минбаъдаи босуботи иқтисоди миллии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.