Табрикоти Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
06 ноябри 2021, шанбе
«Конститусия- бахтномаи миллат»
Имрўз Тоҷикистон 27-умин солгарди қабули Конститутсияи аввалини давлати соҳибистиқлолро ҷашн мегирад, ки яке аз дастовардҳои бузурги мардуми шарафманди кишварамон ва муҳимтарин рўйдоди таърихи навини халқи тоҷик мебошад.
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ 6 ноябри соли 1994 бо дастгирию талошҳо ва иродаи устувори халқи тоҷик санади тақдирсоз –Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.
Бояд қайд кард, ки қабули Конститутсия бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ дар миқёси давлатҳои пасошуравӣ яке аз таҷрибаи аввалин ба шумор рафта, комилтарин Конститутсияи ҷаҳон дар шумораи 10 Конститутсияи беҳтарини дунё маҳсуб меёбад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ қайд карданд, ки «Конститутсия ба сифати Қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад».
Ин санад дар таърих ба унвони Конститутсия эҷод гардид ва то имрӯз ҳамчун санади асосӣ шинохта мешавад.
Меъёрҳои Конститутсия ба санадҳои байналмилалии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, аз меъёрҳои Эъломияи ҳуқуқи башар сарчашма гирифтааст. Дар моддаи якуми Конститутсия омадааст, ки Тољикистон давлати иҷтимоӣ буда, ба тамоми табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасони ятиму бепарастор, оилаҳои камбизоат, пирони дастнигару бемор, маъюбону маъюсонро зери парасторӣ ва ғамхории махсус гирифтааст.
Таъсиси Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» дар назди Кумитаи кор бо занон ва оила яке аз чунин ғамхориҳои давлату Ҳукумат, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати дастгирии духтарони ятиму нимятим ва аз оилаҳои камбизоат мебошад.. Дар Маркази мазкур 100 нафар донишљўдухтарони ятим, нимятим ва духтарони аз оилањои камбизоат дар муҳлати таҳсил дар макотиби олию касбии кишвар бо љои хоб таъмин гардида, ба таълиму тадрис фаро гирифта шудаанд.
Ҳамзамон, меъёрњои умумии баробарҳуқуқии мардон ва занонро моддаи 17 Конститутсия муқаррар намуда, баробарии вазъи ҳуқуҳҳои мардону занон ва имкониятњои баробари амалигардонии онҳо кафолат дода мешавад.
Дар моддаи 33 Конститутсия бошад, омадааст, ки “оила ҳамчун асоси ҷамъият дар зери ҳимояи давлат қарор дорад”. Дигар меъёрњои Конститутсия кафолатҳои умумии баробарии ҳуқуро дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ (моддаи 27), ҳуқуқ дар моликият ва мерос (моддаи 32), ҳуқуқ ба меҳнат (моддаи 35), ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ (моддаи 38), ҳуқуқ ба ҳифзи иҷтимоӣ (моддаи 39) ва ҳуқуқ ба таҳсил (моддаи 41) муайян кардаанд. Дар асоси моддаҳои мазкур Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2005, №89 «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуќуќии мардону занон ва имкониятҳои баробарии амалигардонии онҳо» қабул карда шуд.
Ҳамин тариқ, бисту ҳафт соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит аз он аст, ки ин санади тақдирсози миллат, бунёдгузори давлати мо, на танҳо ба мардуми Тоҷикистон, балки барои ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аввалиндараҷа буда, барои рушду инкишофи ин сарзамин ва миллати куњанбунёд боз садсолаҳо хизмат хоҳад кард.
Ин ҷашни фархундаро, ки дар созандагӣ, хушрўзӣ ва саодатмандии сокинони кишвар заминагузор аст, ба мардуми соҳибтамаддуни миллати тоҷик муборакбод гуфта, сиҳатмандӣ, шодию нишот, саодати рўзгор ва дастовардҳои минбаъдаи рушди давлати тозабунёдро орзумандам.