Пешгирии зӯроварӣ дар оила
Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар самти амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила" ва таъмини босамари "Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солхои 2014-2023" бо роҳбарон ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, раисони шурои занони Донишгоҳҳои Олӣ ҷаласаи корӣ баргузор намуд.