Тағйир додани афкори омма оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила-беҳтар намудани роҳҳои хизматрасонӣ ба ҷабрдидагони зӯроварӣ
Кумитаи кор бо занон ва оила назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, дар шаҳри Исфара мизи мудаввар дар мавзӯи «Тағйир додани афкори омма оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила-беҳтар намудани роҳҳои хизматрасонӣ ба ҷабрдидагони зӯроварӣ» бо ҷалби намояндагони сохторҳои давлатӣ, субъектони пешгирикунандаи зӯроварӣ дар ноҳия ва бо иштироки гурӯҳи корӣ мушовири Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Марҳабо Олимӣ, Холмуродзода Дилшод – сардори шуъбаи роҳбарӣ ба нозирони минтақавии РҲТҶ ВКД Ҷумхурии Точикистон палковники милитсия, Мунира Ғанизода - директори Маркази солимӣ репродуктивии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Шараф Раҷабзода – сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии дастгоҳи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, Бахтиёр Юнусзода – сардори шуъбаи ҳуқуқи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хуршедахон Хоҷазода – сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилояти Суғд, Гулнорахон Гадойбоева – сармутахассиси раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят дар сатҳи баланд гузаронида шуд.